Феврал 13, 2017 17:48 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии қотеъи Бердимуҳаммадов дар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон

Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон эълом кард, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бор дигар бо касби аксарияти қотеъи оро, раисиҷумҳури ин кишвар шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон, ки рӯзи 12 феврал баргузор шуд, аз беш аз се миллиону 228 ҳазор воҷиди шароити раъй, ҳудуди 98 дарсад дар ин интихобот ширкат карданд, ки Бердимуҳаммадов -раисиҷумҳури кунунии ин кишвар муваффақ шуд 97.69 дарсад ороро аз они худ кунад.

Бар асоси ин натоиҷ, Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури 59 солаи кунунии кишвари панҷ миллион нафарии Туркманистон, ки аз соли 2007 зимоми қудратро дар даст дорад, барои даври сеюм ва ба муддати ҳафт соли дигар раисиҷумҳури ин кишвар шуд.

Ҳашт номзади рақиби Бердимуҳаммадов ҳамагӣ аз мансабдорони давлатӣ, мудирони ширкатҳо ва номзадҳои аҳзоби сиёсии вафодор ба давлат буданд.

Ин нахустин интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон дар шароити чанд ҳизбӣ аст, ки бо ҳузури довталабони зиёд ва зоҳиран дар фазои демократӣ ва рақобатӣ баргузор шуд.

Маҷлиси Туркманистон чанд моҳ пеш Қонуни асосии ҷадидеро тасвиб кард, ки бар асоси он, маҳдудияти сини номзади раёсатҷумҳурии ин кишвар лағв шуда ва давра раёсатҷумҳурӣ низ аз панҷ ба ҳафт сол афзоиш ёфтааст.