Феврал 14, 2017 18:32 Asia/Dushanbe
  • Феҳристи 20 созмони террористӣ дар Қирғизистон эълом шуд

Комиссияи давлатии умури динии Қирғизистон аз интишори феҳристи 20 созмони террористӣ ва ифротӣ тавассути додгоҳҳои мухталифи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши Спутник, листи созмонҳои террористӣ, ки дар Қирғизистон мамнуъ шуданд, шомили Алқоида, Толибон, Ҷунбиши исломии Туркистони шарқӣ, Конгресси мардумии курдӣ, Созмони озодсозии Туркистони шарқӣ, Ҳизбултаҳрир алисломӣ,  Гурӯҳи ҷиҳод, Ҷунбиши исломии Узбакистон, Калисои иттиҳод, Ҷайшулмаҳдӣ, Ҷандалхилофат, Ансоруллоҳ, Алтакфир Алҳиҷрат, Ҷунбиши икромия, ДИИШ, Ҷибҳа- Алнусра, китобат Алимом Албухорӣ, Ошиқони ҷаннат, Ҷамоаталтавҳид ва Алҷиҳод ҳастанд .

Чанде қабл намояндагони Парлумони Қирғизистон лоиҳи пешниҳоди интишори листи созмонҳои террористӣ дар Қирғизистонро матраҳ карданд .

Ҳадафи парлумон аз интишори листи чунин созмонҳое, огоҳии мардум аз моҳияти гурӯҳҳои мухталифи динӣ эълом шудааст .

Комиссияи давлатии умури динӣ мунтазири тасвиби ин санад намонда ва листи созмонҳои террористӣ дар Қирғизистонро мунташир кард .