Феврал 18, 2017 11:52 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистону Қазоқистон дар масири густариши муносибот

Мақомоти Душанбе ва Остона дар нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории Тоҷикистону Қазоқистон роҳҳои густариши муносиботи ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, дар ин нишаст, ки дар Остона ба раёсати муштараки Файзуддин Қаҳҳорзода, муовини раиси Кумитаи амвол ва сармоягузории Тоҷикистон ва Асад Магаев, муовини вазири энержии Қазоқистон баргузор шуд, ду тараф дар бораи вазъи феълии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории ду кишвар ва дурнамои рушди ин муносибот дар соли 2017 баҳсу табодули назар карданд. Ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистону Қазоқистон ҳамчунин дар ин нишаст ба зарурати афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои саноат, ҳамлу нақл, энержӣ, кишоварзӣ, омӯзишу улум, беҳдошту дармон ва сайёҳӣ таъкид карданд.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистону Қазоқистон дар соли гузашта ба 676 миллион доллар расида, Остона пас аз Русия ва Чин сеюмин шарики муҳими тиҷории Душанбе аст. Ҳамчунин эълом шуд, ки бо вуҷуди коҳиши 30 дарсади муомилоти тиҷории Қазоқистон бо кишварҳои дигар дар соли 2016 ин шохис дар муносиботи тиҷорӣ бо Тоҷикистон фақат 17 дарсад коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон аз Қазоқистон гандум, газ, фаровардаҳои нафтӣ ворид ва ба ин кишвар хушкбор, маводи маъданӣ, филизоту маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад. Ҳукумати Қазоқистон дар 10 соли ахир ба Тоҷикистон беш аз 30 миллион доллар кӯмаки башардӯстона кардааст.

 

Барчасп