17 ҳазор нафар дар Қазоқистон пайрави салафият ҳастанд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i13716-17_ҳазор_нафар_дар_Қазоқистон_пайрави_салафият_ҳастанд
Вазорати умури мазҳабӣ ва ҷомеаи мадании Қазоқистон аз омори 17 ҳазор нафар пайравони ҷунбиши салафият дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 22, 2017 09:47 Asia/Dushanbe
  • 17 ҳазор нафар дар Қазоқистон пайрави салафият ҳастанд

Вазорати умури мазҳабӣ ва ҷомеаи мадании Қазоқистон аз омори 17 ҳазор нафар пайравони ҷунбиши салафият дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати умури мазҳабӣ ва ҷомеаи мадании Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, пайравони ҷунбиши салафият дорои усул ва ақоиди мухолифи мазҳаби ҳанафӣ буда ва бо фарҳанги Қазоқистон бегона ва хатарнок маҳсуб мешаванд.

Вазорати умури мазҳабӣ ва ҷомеаи мадании Қазоқистон ҳамчунин аз ташкили як гурӯҳи вижаи иттилоотӣ барои мубориза бо ҷунбишҳои мазҳабии ғайрисуннатӣ, таҳти назорати ин вазорат хабар дод.

Рӯзи 5 июни соли гузашта дар шаҳри Актюбински Қазоқистон гурӯҳе аз пайравони салафия ба ду фурӯшгоҳи аслиҳа ва воҳиди низомии ин минтақа ҳамла карданд, ки дар натиҷаи он 8 нафар, аз ҷумла 3 низомӣ кушта ва 38 нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар ин рӯйдод неруҳои амниятии Қазоқистон 13 тан аз террористҳоро куштанд ва 9 тани дигарро боздошт карданд.

Ҳамчунин Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар нишасти Шӯрои амнияти ин кишвар гурӯҳҳои ифротиро омили ҳамлаҳо ба шаҳри Актюбинск муаррифӣ кард.