Дархости Бонки Рушди Осиё аз Тоҷикистон
(last modified Sat, 25 Feb 2017 06:09:10 GMT )
Феврал 25, 2017 11:09 Asia/Dushanbe
  • Дархости Бонки Рушди Осиё аз Тоҷикистон

Мақомоти Бонки Рушди Осиё аз давлати Тоҷикистон хостанд, ки аз тарҳи бозсозии шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ ҳимоят кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, мудирияти Бонки Рушди Осиё бо ишора бар зарурати бозсозии дубораи шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ ба далели буҳрони камбуди барқ дар Ӯзбакистону Қирғизистон, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки аз ин барнома ҳимоят кунад.

Иқдоми якҷонибаи давлати Ӯзбакистон барои хуруҷ аз шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ барои ин кишвар буҳрони шадиди камбуди барқро дар пай дошту акнун давлати ҷадиди Тошканд тарҳи азсаргирии фаъолияти ин шабакаро ироа кардааст.

Давлати Ӯзбакистон дар соли 2009 бо тахриби хатти 500 киловатаи фишорқавӣ аз истгоҳи Регари Тоҷикистон то ноҳияи Ғузор дар дохили хоки ин кишвар, имкони муовизаи барқ дар фаслҳои тобистону зимистон миёни кишварҳои Осиёи Марказиро аз байн бурд.

Дар сурати бозсозии хутути тахрибшудаи шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон метавонад дар фасли тобистон ба Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон барқи содир ва камбуди барқ дар фасли сарморо аз ҳисоби воридот аз ин кишварҳо ҷуброн кунад.

Мақомоти Вазорати энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон қаблан аз омодагии худ барои фаъолияти дубора дар шабакаи воҳиди барқи Осиёи марказӣ хабар дода буданд.