Узбакистон дарҳояшро ба рӯйи паноҳҷӯёни сиёсӣ боз мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i14578-Узбакистон_дарҳояшро_ба_рӯйи_паноҳҷӯёни_сиёсӣ_боз_мекунад
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон аз ниҳодҳои муртабит дар давлати ин кишвар хост, муқаррароти додани паноҳндагии сиёсӣ ба шаҳрвандони хориҷиро таҳия ва барои тасвиб ироа кунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 14, 2017 17:08 Asia/Dushanbe
  • Мирзиёев
    Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон аз ниҳодҳои муртабит дар давлати ин кишвар хост, муқаррароти додани паноҳндагии сиёсӣ ба шаҳрвандони хориҷиро таҳия ва барои тасвиб ироа кунанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Мирзиёев дар фармое ба дастгоҳи  ҷумҳурии Узбакистон дастур дод, то муқаррароти эътои паноҳндагии сиёсиро таҳия ва барои тасвиб пешниҳод кунад.

Бар асоси Қонуни асосии Узбакистон, додани шаҳрвандӣ ва паноҳндагии сиёсӣ аз масъулиятҳои раисиҷумҳури ин кишвар аст.

То замони марги Ислом Каримов-раисиҷумҳури собиқи Узбакистон, фазои сиёсии Узбакистон баста ва инъитофнопазир буд ва ҳукумати Тошканд бо ҳаргуна ҳаракате ба сӯи эҷоди ҳамгароии сиёсӣ, миёни ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ мухолифат мекард.

Ба назар мерасад Мирзиёев бар хилофи Каримов, сиёсати дарҳои бозро дар пеш гирифтааст.

Узбакистон пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин бузгтарин қудрати низомӣ дар ин минтақа аст.