Март 18, 2017 12:37 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Аврупо дар Осиёи Марказӣ аҳдофи сиёсии худро дунбол мекунад

Вазири хориҷаи Русия бо ишора ба таваҷҷуҳи кишварҳои аврупоӣ ба Осиёи Марказӣ гуфт: Кумаки кишварҳои аврупоӣ ба кишварҳои минтақа бо ҳадафи сиёсӣ ва пайдо кардани бозор барои фурӯши колоҳояшон аст.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Сергей Ларов, вазири умури хориҷаи Русия ба муносибати бисту панҷумин солгарди барқарории равобити дипломатӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити ин кишварҳоро бо Маскав наздик хонду афзуд: Дар 25 соли гузашта, байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия беш аз 900 тавофуқномаи байнидавлатӣ ва қарордодҳои дуҷониба имзо шудааст .

Ларов бо ишора ба вуҷуди равобити тиҷорӣ-иқтисодии ҳамоҳанги байни ин кишварҳо таъкид кард: Тибқи натоиҷи соли 2016, ҳаҷми табодули коло байни кишварҳои минтақа ва Русия беш аз 18.5 миллиард доллар буда, ки агарчи ба иллати навасонҳои нархи асъор нисбат ба шохисҳои солҳои гузашта камтар аст, аммо дар кул пуёӣ ва суботи он ҳифз шудааст .

Вазири хориҷаи Русия бо ишора ба фаъолияти ҳафт ҳазору 500 ширкати русӣ ё муштарак дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт: Дар 10 соли гузашта Кремлин ба Осиёи Марказӣ шаш миллиарду 700 миллион доллар кумаки молӣ ироа карда, ки беш аз 4 миллиард доллари он билоиваз буда ва аз тариқи барномаҳои Созмони милали муттаҳид, Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ироа шудааст .

Лавров бо ишора ба инки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ахиран ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар таваҷҷуҳ доранд, таъкид кард: Агар барномаҳо ва тарҳҳое, ки Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пеш мебаранд, ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии ин минтақа кумак кунад, метавон аз иқдомоти Аврупо истиқбол кард. Аммо ҳадафи ин кишварҳо бештар сиёсӣ ва пайдо кардани бозоре барои фурӯши колоҳои худашон аст .

 

 

Барчасп