Муҷозоти иқдомоти террористӣ дар Қазоқистон - ҳабси абад ва эъдом
(last modified Wed, 29 Mar 2017 12:33:48 GMT )
Март 29, 2017 17:33 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти иқдомоти террористӣ дар Қазоқистон - ҳабси абад ва эъдом

Муовини вазири адлияи Қазоқистон гуфт, муҷозоти даст задан ба амалиёти террористӣ алайҳи манофеи Қазоқистон ҳабси абад ва эъдом хоҳад буд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Зауреш Баймолдина, муовини вазири адлияи Қазоқистон дар нишасти матбуотӣ дар Остона гуфт, ин муҷозот дар пешниҳоди ислоҳоти Қонуни ҷиноии Қазоқистон ва ба таври хос банди «Ҷиноёти сангин алайҳи манофеи Қазоқистон» матраҳ шуда, аммо ҳанӯз ба тасвиб нарсидааст. Муовини вазири адлияи Қазоқистон афзуд, ин ислоҳот дар ҷаласаи комиссияи идороти ин кишвар, ки қарор аст, 4 апрел баргузор шавад, баррасӣ хоҳад шуд. Баймолдина гуфт, бар асоси ин пешниҳод дар ислоҳоти Қонуни ҷиноии Қазоқистон, шаҳрвандоне, ки ба амалиёти террористӣ ва ҷиноёти сангин алайҳи манофеи Қазоқистон даст мезананд, ба муҷозотҳое чун 15 то 20 сол ҳабс, ҳабси абад, эъдом бо мусодираи амвол ва маҳрумият аз шаҳрвандии Қазоқистон маҳкум хоҳанд шуд.