Поёни марҳалаи дуввуми сохти хатти лӯлаи гази Тошканд - Бишкек - Алмаато
Дафтари матбуотии ширкати Газпроми Қирғизистон, аз анҷоми марҳалаи дуввуми эҳдоси хатти лӯлаи гази Тошканд- Бишкек- Алмаато хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ин хатти лӯлаи газ аз Узбакистон оғоз мешавад ва гази ин кишварро ба Қирғизистон ва сипас ба Қазоқистон мунтақил мекунад.
Ин хатти газӣ аз шаҳри Сукулуқи Қирғизистон дар фосилаи 33 километрии Бишкек, убур мекунад.
Зарфияти интиқоли гази ин хатт, дар ҳудуди 1.7 миллиард метримукааб дар сол аст.
Ба гуфтаи Alexey Miller-раиси Кумитаи мудирияти ширкати Газпроми Русия, ин проект барои Қирғизистон ва саросари Осиёи Марказӣ аҳамияти зиёде дорад, зеро гази мавриди ниёзи манотиқи шимолии Қирғизистон ва манотиқи ҷанубии Қазоқистонро таъмин мекунад.