Маҳофили тиҷории Қазоқистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор мекунанд
Ба гузориши сайти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар ҳамоиши маҳофили бозаргонии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки интизор меравад 20-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, раисон ва намояндагони наздик ба 40 ширкат ва корхонаҳои мухталифи тавлидӣ ва саноатии Қазоқистон ширкат мекунанд.
Ожонси миллии содирот ва сармоягузории Вазорати сармоя ва рушди Қазоқистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш ҳастанд.
Тақвияти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки тавлидӣ аз аҳдофи асосии ин ҳамоиш унвон шудааст.
Интизор меравад дар ҳошияи баргузории ҳамоиши соҳибкорони тоҷик ва қазоқ, ҳамзамон масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бахшҳои мошинсозӣ, сохтмон, дорусозӣ, маводи ғизоӣ ва дигар бахшҳо низ баррасӣ шавад.