Узбакистон: Гумонбари ҳамлаи Стокҳолм узви ДИИШ буд
(last modified 2017-04-14T12:05:14+00:00 )
Апрел 14, 2017 17:05 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон: Гумонбари ҳамлаи Стокҳолм узви ДИИШ буд

Вазорати умури хориҷии Узбакистон рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, фарди гумонбар дар ҳамлаи Стокҳолм шаҳрванди ин кишвар, вале вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Узбакистон омадааст, ин фарди узбак ба гурӯҳҳои террористӣ гароиш дошта, аз дигар ҳамватанони худ ҳам хоста буд, ба гурӯҳҳои такфирӣ бапайванданд. Пеш аз ин ҳам пулиси Шветсия эълом карда буд, ки гумонбари 39-солаи узбакистонии ин ҳамла аз ҳомиёни ДИИШ аст.

Ҷумъаи гузашта як мошини боркаш роҳгузарҳоро дар маркази шаҳри Стокҳолм, пойтахти Шветсия зер кард, ки бар асари ин амал чаҳор нафар, шомили ду шаҳрванди Шветсия, як шаҳрванди Англия, як шаҳрванди Белгия кушта ва 15 нафар дигар низ захмӣ шуданд.

 

Барчасп