Апрел 22, 2017 10:04 Asia/Dushanbe
  • Арабистони Саудӣ ба унвони ҳомии аслии гурӯҳҳои салафӣ ва такфирӣ дар талош барои эҷоди ихтилоф дар ҷаҳони Ислом аст
    Арабистони Саудӣ ба унвони ҳомии аслии гурӯҳҳои салафӣ ва такфирӣ дар талош барои эҷоди ихтилоф дар ҷаҳони Ислом аст

Коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки тафаккури салафият барои кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон дар оянда бисёр хатарнок хоҳад шуд ва бояд барои ҷилавгирӣ аз ин андеша барномарезӣ кард.

Ба гузориши сайти “Хабар”, Парвиз Муллоҷонов гуфт, аз дидгоҳи маҳофили коршиносӣ, аксари қавонин ва муқаррароте, ки тайи солҳои ахир дар кишварҳои минтақа дар баробари озодиҳои эътиқодии мусалмонон тасвиб шудаанд, бо дикта ва ё машварати гурӯҳҳои салафӣ танзим шудаанд.

Вай мегӯяд, ки салафиҳо муваффақ шудаанд давлатҳои минтақаро барои саркӯби аҳзоб, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои мухолифи андешаи ваҳҳобият таҳрик кунанд. Гурӯҳҳои салафӣ бо ҳимояти зоҳирӣ аз низомҳои сиёсӣ ва қадосат бахшидан ё чеҳраи муқаддас тарошидан аз сарони давлатҳо шиорҳои “дар Ислом ҳизб вуҷуд надорад” ва “интиқод аз раисони ҷумҳурӣ муҷиби фитна мешавад”, амалан ба давлатҳои худкома машруият мебахшанд. Ин гуна шиорҳо аз сӯйи мақомоти давлатӣ, ки дар гузашта моддигароии ҷабрӣ (материализми ҷанговар) –ро тадрис мекарданд ва алайҳи Ислом китоб ва дастур менавиштанд, пазируфта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Арабистони Саудӣ ба унвони ҳомии аслии гурӯҳҳои салафӣ ва такфирӣ дар талош барои эҷоди ихтилоф дар ҷаҳони Ислом аст ва аз гурӯҳҳои такфирӣ ба унвони абзор дар ин масир истифода мекунад. Дар ҳоле ки бархе аз иқдомоти хашини кормандони интизомӣ дар Тоҷикистон барои тарошидани иҷбории риши ҷавонон ва бардоштани рӯсарии бонувон заминасози рушди тафаккури ифротгароӣ дар ҷомеаро фароҳам месозад.

Аз ин рӯ, баид нест ки дар пайи шикастҳои ахири гурӯҳи такфирии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ теъдоде аз афроди ин созмони террористӣ аз атбои Осиёи Марказӣ, ки ба ғайр аз худ ҳамаро кофир медонанд, барои бозгашт ба кишварҳои хеш иқдом кунанд, ки дар баландмуддат хатароти зиёдеро мутаваҷҷеҳи ин ҷумҳуриҳо хоҳад кард.