Оғози баррасии ислоҳот ва тағйирот дар Қонуни асосии Қазоқистон
Палатаи поёнии парлумони Қазоқистон аз оғози барраси тағйиру ислоҳот дар Қонуни асосии ин кишвар хабар дод.
Ба иттилои ИТАР-ТАСС, Нурлан Абдиров, намояндаи Парлумони Қазоқистон гуфт, қонуни интихоботи маҷлиси поёнӣ, имтиёзот ва вазоифи намояндагон ва низ интихоби раисҷумҳури Қазоқистон муҳимтарин мавзуи ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи парлумони ин кишвар буд.
Ба гуфтаи Абдиров, абъод ва ҷанбаҳои мухталифи ин қонун пас аз баррасии намояндагон ба раъй гузошта мешавад.
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон рӯзи даҳуми март бо тайиди тағйирот дар Қонун асосӣ, ихтиёроти риёсатҷумҳуриро дар ин кишвар маҳдуд кард ва бахше аз ихтиёрот ва қудрати худро ба парлумон ва кобинаи Қазоқистон вогузар намуд.
Ин тарҳи 23 моддаӣ дар шашуми марти соли 2017 ба иттифоқи оро ба тасвиби парлумони ин кишвар расид.