Май 02, 2017 16:40 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистону Узбакистон тавофуқномаи ҳамкориҳои гумрукӣ имзо карданд

Вазорати иқтисоди Тоҷикистон аз имзои ду санади ҳамкории гумрукӣ бо Узбакистон хабар дод.

Вазорати иқтисоди Тоҷикистон эълом кард, ин ду тавофуқнома дар бораи осонсозии равишҳои гумрукӣ, табодули иттилоот ва таҷриба ва низ ҷилавгирӣ аз нақзи қавонини гумрукӣ ва қочоқи коло байни ниҳодҳои гумрукии ду кишвар аст.

Пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ҷадиди Узбакистон ҳамкориҳои Тошканду Душанбе дар ҳоли густариш аст. Дар миёнаҳои моҳи апрели гузашта намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон бо ҳузури тоҷирон, сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва шумори зиёде аз мардуми шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ҳамчунин Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории аввалин рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон дар ҳафтаи оянда хабар додааст. Ҳайати фарҳангии Узбакистон рӯзи 9-уми май вориди Душанбе хоҳанд шуд ва барои се рӯз барномаҳои фарҳангии худро дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа баргузор хоҳад кард.

 

Барчасп