Май 02, 2017 20:59 Asia/Dushanbe
  • Коршинос: Ҷопон ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ дорад, аммо...

Вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон бар зарурати тақвияти мубориза бо кочоқи маводи мухаддир  аз Афғонистон ва таҳдидоти фазояндаи масрафи мухаддароти шимиёӣ таъкид карданд.

Дарт баёнияи муштараки вазирони умури хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Ҷопон, ки дар поини нишасти муколамаи “Осиёи Миёна бар изофаи Ҷопон” мунташир шуд, гуфта мешавад, ки даст ёфтан ба сулҳу субот дар Афғонистон омили муҳими таъмини амнияти байналмилалӣ, бахусус амнияти ин қора аст.

Вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар ин баёния вазъи сиёсӣ ва низомии Афғонистонро печида унвон карда, ҳамзамон бар идомаи ҳимоят аз мардум ва давлати Афғонистон дар роҳи таъмини суботи сиёсӣ дар ин кишвар эъломи омодагӣ карданд.

Ҷаласаи шашуми вазирони хориҷии Осиёи Марказӣ ва Ҷопон рӯзи 1 май дар Ашқобод баргузор шуда, дар ин нишаст натиҷаҳои раёсати Туркманистон баррасӣ шуда, самтҳои ҷадид ва дурнамои ҳамкориҳои минтақаӣ  мушаххас карда шудааст.

Тибқи иттилоъи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин ҷаласа таъкид шудааст, ки сафари нахуствазири Ҷопон  ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2015 саҳфаи наверо барои рушди муносибатҳои байни Осиёи Марказӣ ва Ҷопон  оғоз бахшида,  татбиқи натоиҷи он уфуқҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақаиро густариш дод. Ба навиштаи ин манбаъ, С. Аслов дар суханронии хеш бар аҳамияти тавсеаи ҳамкории созандаи дуҷониба ва минтақаӣ ва зарурати истифодаи густурда аз иқтидори кишварҳои муколама ҷиҳати таҳкими равобит дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, энержӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, нақлиёт ва дигар соҳаҳо, ки ба гуфтаи вай , унсурҳои калидии ҳамгироии минтақаӣ ва омили сулҳу субот ҳастанд, таъкид кардааст. Дар баробари ин С. Аслов ба рӯзномаи муколама ворид намудани масъалаҳои мубориза бо терроризм, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва мусоидат ба рушди осоиштаи Афғонистонро муҳим донистааст.

Гуфта мешавад,  дар поёни нишасти вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баёнияи муштарак ва нақшаи роҳбурдии ҳамкории минтақавӣ дар арсаҳои нақлиёт ва боркашонӣ ба имзо расидааст.

Таҳлилгарони умури сиёсӣ мегӯянд, ки сиёсати Ҷопон барои тақвияти равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ якбора фаъол шуда, Токио дар ин муддат талош кардааст, то дар кишварҳои минтақа ҷойгоҳи мустаҳкаме касб кунад.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақа мегӯяд, Ҷопон  барои касби нуфуз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз роҳу равиши хоси хеш истифода карда, бештар талош дорад, дар таҷдиди зерсохтҳои нақлиётӣ, энержӣ ва иҷтимоӣ дар ин кишварҳо самроягузорӣ кунад.  Аз сӯйи дигар Саъдии Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд,  кишварҳои Осиёи Марказӣ,  ки дар ҳоли рушд қарор доранд, пеш аз ҳама  ба ҷалби сармоя ва фанновариҳои муосир аз Ҷопон ҷиҳати  рушди иқтисодашон манфиатдор ҳастанд. Аммо Саъдии Юсуфӣ таъкид мекунад, ки бо гузашти 25 сол аз соҳибистиқлол шудани ин кишварҳо Ҷопон то ҳол кадом сармоягузории ҷиддӣ дар тарҳҳои иқтисодӣ дар минтақа анҷом надодааст.

Бояд гуфт, дар чаҳорчӯби ин нишаст вузарои хориҷии Тоҷикистону Ҷопон мулоқоти дуҷониба анҷом дода, тарафҳо ҳавасмандии мутақобилро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкории амалии ду кишвар дар арсаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, энержӣ ва фарҳанг баён намуданд.

Гуфта мешавад, дар ин замина бар нақши муҳим доштани  Комиссияи муштаракаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ миёни ду кишвар, ки ҷаласаи нахустини он 14 апрели соли ҷорӣ  дар Токио баргузор шуд, таъкид шудааст. Дар баробари ин гуфта мешавад, ки тайи 25 соли ахир давлати Ҷопон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ба унвони кӯмаки расмӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 5 милларду 250 миллион доллар ҷудо кардааст.

Бояд гуфт, нахустин ҷаласаи Муколама дар чаҳорчӯби Осиёи Марказӣ ба изофаи Ҷопон соли 2004 бо ҳадафи  рушди  ҳамкориҳои минтақаӣ ва тақвияти субот дар ин минтақа баргузор  шуд. Ҳамакунан Тоҷикистон раёсати Муколамаи Осиёи Марказӣ ба изофаи Ҷопон барои солҳои 2017-2018 -ро бар дӯш гирифта,  қарор  аст, ки ҷаласаи 7 - уми он соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.