Рӯзи нахусти даври чаҳоруми музокироти сулҳи Сурия дар Остонаи Қазоқистон
(last modified Wed, 03 May 2017 15:34:27 GMT )
Май 03, 2017 20:34 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи нахусти даври чаҳоруми музокироти сулҳи Сурия дар Остонаи Қазоқистон

Чаҳорумин даври музокироти Остона барои ҳалли буҳрони Сурия имрӯз чаҳоршанбе оғоз шуд ва фардо низ идома хоҳад дошт.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, имрӯз дар ҳошияи ин музокирот Содиқи Ҷобирии Ансорӣ, раиси ҳайъати эронӣ дар ин музокирот бо Александр Лаврентев, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия дар бораи охирин таҳаввулоти Сурия ва раванди музокироти Остона ройзанӣ ва табодули назар карданд .

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Интерфакси Русия ба нақл аз Вазорати хориҷаи Қазоқистон гузориш дод, ширкаткунандагон дар музокироти Остона чаҳор санади ироашуда аз ҷониби Русия барои ташкили чаҳор минтақаи коҳиши таниш ё бештар дар Сурияро баррасӣ мекунанд .

Бар асоси ин гузориш, агар ин санадҳои Русия дар музокироти Остона ба имзои Эрону Туркия бирасад, давлати Димишқ ва мухолифон онро иҷро хоҳанд кард .

Музокироти Остона бо ибтикори ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамкории Русия ва Туркия, бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия барномарезӣ шудааст .

Токунун се даври музокироти сатҳи олӣ дар Остона ва ду даври музокироти каршиносӣ дар Теҳрон ва Остона баргузор шудааст .

Башшор Ҷаъфарӣ, намояндаи доими Сурия дар Созмони милали муттаҳид раёсати ҳайъати суриро дар ин музокирот дар ихтиёр дорад .

Раёсати ҳайъати музокиракунандаи гурӯҳҳои мусаллаҳи сурӣ дар ин музокирот низ бар уҳдаи Муҳаммади Аллуш, намояндаи гурӯҳи Ҷайшулислом аст .

Ҳамчунин аввалин бор Амрико дар сатҳе боло бо Стюарт Ҷеймс, муовини вазири хориҷаи ин кишвар дар нишасти Остона ҳозир мешавад .