Май 08, 2017 14:19 Asia/Dushanbe
  • Охирин муҳлат барои дарёфти барномаҳои кобурдӣ дар тарҳи CASA1000

Охирин муҳлати дарёфти барномаҳои кобурдӣ барои сохти таъсисоти зебиноӣ дар тарҳи CASA1000 ба поён расид.

Ба гузориши вебсойти расмии CASA1000, охирин муҳлати пазириши барномаҳои корбурдӣ барои сохти таъсисоти зербиноии истгоҳҳои барқии фишори қавӣ ва насбу роҳандозии хатҳои интиқоли барқ дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Покистон 11 май 2017 ба поён хоҳад расид.

Пеш аз ин чандин бор таърихи ироаи барномаҳои корбурдӣ барои ва насбу роҳандозии хатҳои барқ ва истгоҳҳои барқии қавӣ дар тарҳи CASA1000, ба таъвиқ афтода буд.

Дар иҷлоси намояндагони кишварҳо ва созмонҳаи ширкаткунанда дар тарҳи CASA1000, дар таърихи 5 ва 6 декабри 2016 дар шаҳри Дубай-Имороти муттаҳидаи Араб, миёни пешҳниҳоддиҳандагони билқувва барои сохти хатҳои интиқоли барқ, муноқиса баргузор шуд.

Усмоналӣ Усмонзода- вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, дар он замон ъэлом карда буд, ки беш аз 200 ширкати хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои олмонӣ, фаронсавӣ ва чинӣ ибрози омодагӣ кардаанд, ки дар муноқисаи сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ дар қаламрави ин ҷумҳурӣ, мушорикат хоҳанд кард.

Иҷроӣ шудани тарҳи CASA1000, иҷоза хоҳад дод, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон солона 1300 мегаватт/барқи мозоди хужро ба Афғонистон ва Покистон содир кунанд.

Интизор меравад, тарҳи CASA1000 бо ҳазинаи беш аз 1 миллиард доллар, ки дар он саҳми Тоҷикистон-314 миллион, Белорус-209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион доллар аст, дар соли 2020 ба итмом мерасад.