Май 09, 2017 10:15 Asia/Dushanbe
  • Равишҳои ҷазби коргарони муҳоҷир ба гурӯҳи террористии ДИИШ

Мудири маркази зидди террористии кишварҳои ҷомеаи Ҳамсуд мегӯяд: Мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар Русияро дар хобгоҳҳо, маҳалли кор, бозорҳо ва марокизи тиҷорӣ ҷазб мекунанд.

Ба иттилои Спутник, генерал Андрей Новиков гуфтааст, ки мубаллиғони ДИИШ қабл аз ҳузур дар ин маконҳо аз тариқи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, афроди мавриди назари худро аз миёни коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, узбакистонӣ ва қирғизистонӣ шиносоӣ ва сипас бо онон рӯ дар рӯ дидор мекунанд ва маболиғи ҳангуфти молӣ ва имконоти зиндагӣ дар Сурияву Ироқро ба онон ваъда медиҳанд .

Вай таъкид кардааст, ки ба далели иқдомоти хадамоти амниятии кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд ва шиносоӣ ва боздошти мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ дар қаламрави Русия, раванди ҷазби коргарони ҷавони муҳоҷири тоҷикистонӣ, узбакистонӣ ва қирғизистонӣ кунад шудааст .

Мубаллиғони ин гурӯҳи такфирӣ ҳамчунин аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун WhatsApp, Viber ва Skype талош мекунанд, бо тағйири равишҳои кори худ ҷавононро дар доми фариб гирифтор кунанд .

Ба гуфтаи генерал Андрей Новиков, яке аз вижагиҳои афзоиши фаъолияти мубаллиғони ДИИШ аз тариқи ин каналҳои иртиботӣ тамаркуз бар донишҷӯён ва мутахассисони улуми компютерӣ, фанновариҳои ҷадиди иртиботӣ, пизишкон ва мутарҷимони забонҳои мухталиф аст .

Мудири маркази зидди террористии кишварҳои ҷомеаи Ҳамсуд тасреҳ кард: Дар бозҷуӣ аз касоне, ки бо пушаймонӣ аз Сурияву Ироқ фирор кардаанд, мушаххас шудааст, ки ҳеч як аз ваъдаҳои додашуда ба онон амалӣ нашудааст .

 

Барчасп