Май 16, 2017 11:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши байналмилалии гуфтугӯҳои фарҳангии Эрон ва Осиёи Марказӣ

Ҳамоиши байналмилалии равобити торихӣ ва фарҳангии Эрон ва ақвоми туркзабон дар чорчуби гуфтугӯҳои фарҳангии Эрону Осиёи Марказӣ рӯзи душанбе дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон оғоз шуд.

Ҳамоиши байналмилалии равобити торихӣ ва фарҳангии Эрон ва ақвоми туркзабон дар чорчуби гуфтугӯҳои фарҳангии Эрону Осиёи Марказӣ рӯзи душанбе дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон оғоз шуд .

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, дар ин ҳамоиши ду рӯза, ки дар он андешмандон, устодон ва эроншиносоне аз кишварҳои Эрон, Русия, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон ҳузур доранд, тамаддун ва осори фарҳангии Эрон баррасӣ мешавад .

Адабиёт, торих, фарҳангу забони эронзамин ва таъсиргузории он бар ҳунармандон ва андешмандони Осиёи Марказӣ аз мавзуотест, ки ширкаткунандагон дар ин ҳамоиш баррасӣ мекунанд .

Ин ҳамоишро Донишгоҳи равобити байналмилал ва забонҳои хориҷии Облойхон бо ҳамкории идораи пажуҳиш ва омӯзиши Созмони фарҳангу иртибототи исломӣ ва ройзании фарҳангии Эрон дар Қазоқистон баргузор кардааст .

 

Барчасп