Май 18, 2017 14:48 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 100 миллион долларии Қазоқистон барои Қирғизистон

Темур Сулаймонов, вазири иқтисоди миллии Қазоқистон аз хатти қарзии 100 миллион долларии ин кишвар барои Қирғизистон дар чорчуби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Бишкек, Темур Сулаймонов рӯзи чаҳоршанбеи 17 май, бо баёни ин матлаб эълом кард, Парлумони Қазоқистони лоиҳаи тасвиби тавофуқномаи дуҷониба бо Қирғизистон ба манзури густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чорчуби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро тайид кардааст .

Қарзи молии Қазоқистон қарор аст, ба таври тадриҷӣ ва бар асоси протоколҳои байни давлатии Остона ва Бишкек ироа шавад ва тарафи қирғиз мебоист феҳристи иқдомот ва асноди худро барои дарёфти бахше аз ин кумак ба тарафи қазоқ ироа диҳад. Қарор аст, давлати Қирғизистон аз ин қарз ба тадриҷ барои беҳбуди зерсохтҳои гумрукӣ дар минтақаи қирғизии марзи гумрукии Иттиҳоди Авруосиё, татбиқи системаҳои беҳдоштӣ, домпизишкӣ ва умури гиёҳӣ истифода кунад. Муқарар шудааст, рӯзи чаҳоршанбе 17 май, 41 миллион доллар аз қарзи молии Қазоқистон ба давлати Қирғизистон эъто шавад.

Қарзи эътоии Қазоқистон ба Қирғизистон зимни густариши равобити дуҷониба, метавонад ҳамкориҳои минтақаии ду кишвари ҳамсояро низ таъмиқ бахшад. Эътои кумакҳои молӣ ва дастгирӣ аз давлатҳои заифтар дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи авомили аслии дӯстӣ ва бурдории миллатҳои ин минтақа маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди онки Қазоқистон ба кишварии дорои фасоди боло дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ маъруф аст, Қирғизистон дар ин замина поктарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад .

Муруре бар равобити дуҷонибаи Остона ва Бишкек нишон медиҳад, ки ду кишвар аз имконоти зиёде барои афзоиши тиҷорати дуҷониба бархурдор нестанд. Бавижа, ки иқтисоди Қирғизистон аз суннатҳо пайравӣ мекунад ва бо фанновариҳои ҷадид чандон ошно нест. Ба ҳамин далел аст, ки ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчуби иттиҳодҳои иқтисодии минтақаӣ дар дастури кори раҳбарони давлати Остона қарор гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки Қазоқистону Қирғизистон дар Созмони ҳамкории иқтисодии ЕКО низ узв ҳастанд ва раҳбарони ду кишвар метавонанд дар чорчуби ин созмони иқтисодӣ низ ҳамкориҳои дуҷонибаи фимобайнро тақвият кунанд. Ба ҳар ҳол, тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар чорчуби иттиҳодияҳои минтақаӣ аз ҷумла Созмони иқтисодии ЕКО-ро метавон авлавияти ин кишварҳо қаламдод кард .

Ногуфта намонад, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамакнун аз кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст. Маҷмуи масоҳати кишварҳои узви ин иттиҳоди беш аз 20 миллион километри мураббаъ, ҷамъияти он беш аз 180 миллион нафар ва тавлиди нохолиси дохилии он дар соли 2013 ҳудуди 4 ҳазор миллиард доллар (бар асоси меъёри баробарии қудрати харид) будааст. Дар чорчуби ин иттиҳодия, аъзои он мувофиқати худро бо тараддуди озоди коло, сармоя, нерӯи кор ва хадамот дар марзҳои Авруосиё эълом кардаанд. Аъзои Авруосиё ҳамчунин эълом кардаанд, ки сиёсати муштараке дар заминаи энержӣ, санъат, кишоварзӣ ва васоили нақлия хоҳанд дошт .