Май 31, 2017 09:53 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон ва Қазоқистон имсол оби бештаре дарёфт мекунанд

Коршиноси умури оби Тоҷикистон гуфт, ба далели бориши зиёди барф дар зимистони гузашта ва гармои ҳаво дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон имсол оби бештаре дарёфт хоҳанд кард.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, Камолиддин Сироҷиддинов гуфтааст, ки мизони бориши барф дар кӯҳистонҳои Тоҷикистон дар зимистони имсол дар муқоиса бо солҳои қабл 60 дарсад бештар буд, ки бо гарм шудани ҳаво Узбакистон ва Қазоқистон 7 километри мукааб оби изофӣ аз рӯдхонаҳои Тоҷикистон дарёфт хоҳанд кард.

 Ин коршиноси тоҷик афзуд, агар қаблан дар Тоҷикистон миёнгини захоири об бар асари боришҳои зимистонӣ беш аз 52 километри мукааб муҳосиба мешуд, имсол ин шохис ба 59 километри мукааб расидааст, ки ба нафъи Узбакистон ва Қазоқистон аст.

Вай гуфт, ба далели гарм шудани ҳаво дар иртифооти то ду ҳазору 500 метр дар кӯҳистонҳои Тоҷикистон об шудани пиряхҳо оғоз шудааст, ҳарчанд болотар аз ин иртифоот ҳанӯз ҳам дар 70 дарсад аз кӯҳистонҳои ин кишвар ҳарорат барои об шудани барфҳо кофӣ нест.

Сироҷиддинов афзуд, бояд барои ҷилавгирӣ аз боло омадани сатҳи об ва туғёни рӯдхонаҳои кӯҳистонӣ ва эҳтимоли зери об рафтани мазореи кишоварзӣ ва рустоҳои соҳилӣ аз миёнаҳои тобистон ба баъд чораандешӣ шавад.

Камолиддин Сироҷиддинов муътақид аст, ки ин мизон захоири об дар қаламрави Тоҷикистон бар асоси мутолеоти илмӣ танҳо 4 бор дар як қарн ба вуҷуд меояд.

 

Барчасп