Июн 07, 2017 09:30 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақоми амрикоӣ бо сафирони Осиёи Марказӣ дар Ишқобод

Намояндаи Вазорати умури хориҷаи Амрико бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқобод дидор кард.

Ба гузориши дафтари расонаии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори Скотт Рид, мудири бахши Осиёи Марказӣ, ҷанубӣ ва шарқӣ дар Вазорати умури хориҷаи Амрико бо сафирони Осиёи Марказӣ дар Туркманистон ҳамкориҳои гуногуни дуҷониба ва минтақаии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ, омӯзишу парвариш ва умури башардӯстона баррасӣ шуд.

Дар чорчӯби ин дидорҳо мудири бахши Осиёи Марказӣ, ҷанубӣ ва шарқӣ дар Вазорати умури хориҷаи Амрико бо Фаррух Шарифзода, сафири Душанбе дар Ишқобод низ мулоқоту гуфтугӯ кард.

Ин дидор дар ҳоле баргузор шуд, ки пештар хабар дода шуда буд, давлати Амрико дар назар дорад аз сармоягузорӣ дар чорчӯби барномаҳои кӯмакрасонӣ ба беш аз бист кишвари Аврупо, АвруОсиё ва Осиёи Марказӣ даст бардорад.

Бар ин асос қарор буд кӯмакҳои молии Амрико ба Тоҷикистон 47, 6 дарсад, яъне то 17, 3 миллион доллар коҳиш ёбад.

Тоҷикистон аз соли 1992 то кунун аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беш аз 1, 8 миллиард доллар кӯмак дарёфт карда, ки барои пуштибонӣ ва иҷрои барномаҳои рушди кишоварзӣ, энержӣ, тиҷорат, беҳдошту дармон, омӯзишу парвариш ва ниҳодҳои мардумсолорӣ ҳазина шудааст.

 

Барчасп