Поёни нишасти СҲШ дар Остонаи Қазоқистон
(last modified Sat, 10 Jun 2017 04:01:04 GMT )
Июн 10, 2017 09:01 Asia/Dushanbe
  • Поёни нишасти СҲШ дар Остонаи Қазоқистон

Ҳафдаҳумин давр аз нишастҳои сарони Созмони Ҳамкории Шанхай асри рӯзи ҷумъа бо ҳузури мақомоти аршади кишварҳои узв дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон ба поён расид.

Ба гузориши ИРНА, дар ин нишаст мақомоти кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Муғулистон, Туркманистон, Ҳинд ва Покистон ҳузур доштанд.

Нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар ҳоле поён ёфт, ки Покистону Ҳинд ба аъзои доими ин созмон пайвастанду ба эҳтимоли зиёд дар нишастҳои оянда навбат ба ҷумҳурии исломӣ хоҳад расид то аз узви нозир ба узви собит тағйири ҷойгоҳ диҳад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон низ ба унвони раиси ҳайати Эрон дар ин нишаст ҳузур дошт.

Маҳкумияти иқдомоти террористии рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон, лузуми ҳалли таниши ахир байни кишварҳои арабии минтақа аз роҳи гуфтугӯ, лузуми мубориза бо терроризм дар Ховари миёна ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳои дуҷонибаву чандҷониба аз ҷумлаи меҳварҳои музокироти вазири умури хориҷаи Эрон бо мақомҳои кишварҳои мухталиф дар Остонаро ташкил дод.

 Дар ҳошияи ин нишаст мақомоти кишварҳои узв ва ғайриузв низ дидорҳои дуҷонибаву чандҷонибаеро анҷом доданд ва дар бораи равобити дуҷониба, минтақаӣ, байналмилалӣ ва мубориза бо терроризм гуфтугӯ карданд.

Ҳамакнун кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон ва Ҳинду Ӯзбакистон аъзои доим ва аслии ин созмон ҳастанду кишварҳои Эрон, Муғулистон ва Афғонистон ҳам узви нозир ба шумор мераванд.