Июн 10, 2017 18:55 Asia/Dushanbe
  • Муовини нахуствазири Қирғизистон: Дар ояндаи наздик таҷҳизоти низомӣ тавлид хоҳем кард

Муовини нахуствазири Қирғизистон гуфт, Қирғизистон қасд дорад, дар ояндаи наздик маҳсулоти низомӣ тавлид кунад ва дар бархе маворид худкифо шавад.

Нишасти Комиссияи ҳамкории низомӣ-иқтисодии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), имрӯз дар Бишкек баргузор шуд.

Дмитрий Рогозин- муовини нахуствазири Русия дар ин нишаст гуфт, мо ба хубӣ дарк мекунем, ки хатароти мавҷуд барои амнияти Қирғизистон, Тоҷикистон ва дигар аъзои СПАД хатароти амниятӣ барои русҳо аст.

Вай идома дод, ҳамкорӣ ва иртиқои тавоноиҳои низомӣ чӣ воҳидҳои низомии русӣ ва чӣ неруҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД, посух ба хатароти амниятӣ маҳсуб мешаванд.

Жониш Разоқов- муовини нахуствазири Қирғизистон дар ин нишаст бо ишора ба ин ки ин кишвар барои таъсиси корхонаи тавлиди маҳсулоти низомӣ барномарезӣ ме‎кунад, гуфт, дар ин кишвар теъдоди корхонҳҳое, ки қаблан шомили маҷмӯаи низомӣ–санътии Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, зиёд ҳастанд.

Разоқов афзуд, баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, аксари онҳо фаъолияти худро ба таври чашмгире коҳиш доданд.

Вай идома дод, Қирғизистон қасд дорад дар ояндаи наздик маҳсулоти низомӣ тавлид кунад ва дар бархе аз маҳсулоти низомӣ худкифо шавад.

Разоқов бо ишора ба ин ки ҳамкорӣ байни кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои Қирғизистон бо аҳамият аст, таъкид кард, Бишкек барои тақвияти зарфияти дифоии кишварҳои узви созмон ва ҳимоят аз субот дар минтақа, бар зарурати тавсеа ва густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои низомӣ-сиёсӣ ва низомӣ-фаннӣ таъкид мекунад.