Июл 01, 2017 15:46 Asia/Dushanbe
  • Низомиёни қазоқ рекорддори болотарин дастмузд дар байни кишварҳои ИДМ

Вазорати дифои Қазоқистон эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар миёни кишварҳои Ҷомеаи ҳамсуд, болотарин ҳуқуқ ва дастмуздро дарёфт мекунанд.

   Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Вазорати дифои Қазоқистон аз аввали июл ҳуқуқи кормандони ин вазоратхона, Кумитаи амният ва Горди миллии ин кишварро ба муносибати бисту панҷумин солгарди истиқлол ва таъсиси нерӯҳои мусаллаҳ, 25 дарсад афзоиш дод.

    Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ҳудуди 2 моҳ қабл дар рӯзи муҳофизи меҳан ва пирӯзӣ дар Ҷанги ҷаҳонӣ, бо судури ҳукме афзоиши дастмузди низомиёни ин кишварро хостор шуда буд.

    Бар асоси гузориши пойгоҳи иттилоотии Вазорати дифои Қазоқистон, дастмузди низомиёни қазоқ дар маҷмӯъ аз ҳуқуқи ҳамтоёни дигари худ дар кишварҳои Ҳамсуд болотар аст.

    Ҳамакнун дастмузди як фармондеҳ бо дараҷаи “лейтенант” бо 5 сол таҷрибаи дар Қазоқистон 590 доллар, дар Русия 550 доллар, Узбакистон 360 доллар, Беларус 300 доллар, Украина 260 доллар ва Тоҷикистон 103 доллар аст.

 

Барчасп