Ширкати мухолифони мусаллаҳи сурӣ дар нишасти Остона
(last modified Mon, 03 Jul 2017 13:47:38 GMT )
Июл 03, 2017 18:47 Asia/Dushanbe
  • Ширкати мухолифони мусаллаҳи сурӣ дар нишасти Остона

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон аз ҳузури мухолифони мусаллаҳи давлати Сурия дар панҷумин даври музокироти сулҳи сурӣ дар Остона хабар дод.

Ба иттилои телевизиони давлатии Русия, Кайрат Абдураҳмонов эълом кард, ҳайъати мухолифони мусаллаҳи Сурия фардо сешанбе барои ширкат дар ин давр аз музокирот вориди Остона, пойтахти Қазоқистон хоҳад шуд .

Ҳайъати намояндагии давлати Сурия ҳам қарор аст, имрӯз ба Остона сафар кунад .

Муоризони мусаллаҳ дар чаҳорумин даври музокироти Остона, ки дар сеюм ва чаҳоруми моҳи май 2017 баргузор шуд, ширкат накарданд .

Эрон, Русия ва Туркия чаҳор маҳи гузашта дар чаҳорумин даври музокироти сурӣ дар Остона, тафоҳумномаи эҷоди чаҳор минтақаи амн дар Сурияро имзо карданд, ки дарбаргирандаи манотиқе дар устони Идлиб, минтақаи шимолии шаҳри Ҳимс, Ғутаи шарқӣ ва бахшҳое дар ҷануби ин кишвар аст .

Дар ин музокирот, Қазоқистон ба унвони мизбон ва ҳамчунин Амрико ба унвони нозир ҳузур доштанд .