Июл 11, 2017 19:17 Asia/Dushanbe
  • Роҳи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Узбакистон боз шуд

Нахустин бор дар таърихи истиқлоли Тоҷикистону Узбакистон як воҳиди донишгоҳе дар Тошканд барои пазириши донишҷӯёни тоҷикистонӣ эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши Вазорати маориф ва улуми Узбакистон, раёсати Донишгоҳи ҳуқуқи Тошканд эълом карда, ки омодааст, довталабони тоҷикистониро барои таҳсил дар ин донишгоҳ қабул кунад. Довталабони тоҷикистонӣ метавонанд бо пардохти масрафи омӯзишӣ бидуни ширкат дар озмун, танҳо бо гузаштан аз суҳбат донишҷӯи Донишгоҳи ҳуқуқи Тошканд шаванд.

Дар Донишгоҳи ҳуқуқи Тошканд риштаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи иҷтимоӣ, ҷиноӣ ва хонавода тадрис мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд имсол барои бори нахуст дар таърихи истиқлоли ин ду кишвар аз тариқи қарордод ва пардохти пули таҳсил вориди ин маркази омӯзишӣ шаванд. Донишгоҳи ҳуқуқи Тошканд ҳамчунин метавонад бар асоси созишномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои ҳуқуқи Амрико, Фаронса, Япония ва Чин донишҷӯёни мумтози худро барои идомаи таҳсил дар давраҳои аспирантура ва докторантура ба ин марказҳои омӯзишӣ  фиристад. Бар асоси тавофуқи вазоратҳои маориф ва улуми Узбакистону Тоҷикистон, довталабони тоҷикистонӣ метавонанд бо пардохти пули таҳсил бо арзҳои хориҷӣ ва бастани қарордод бо Донишгоҳи ҳуқуқи Тошканд донишҷӯи ин донишгоҳ шаванд.