Июл 12, 2017 18:56 Asia/Dushanbe
  • Боку ва Тошканд дар умури динӣ ҳамкорӣ мекунанд

Раисҷумҳури Озарбойҷон дар дидори раисони идораи мусулмонон ва Кумитаи умури динии Узбакистон бар ҳамкорӣ ва табодули таҷрубаи ду кишвар дар заминаи умури динӣ таъкид кард.

Ба нақл аз хабаргузории расмии Озартоҷ, Илҳом Алиев дар Боку дар дидори Ортикбек Юсупов, раиси Кумитаи давлатии умури динии Узбакистон ва Усмонхон Алимов, муфтӣ ва раиси Идораи мусулмонони Узбакистон гуфт: Давлати ҷумҳурии Озарбойҷон моил ба густариши ҳарчи бештари муносибот бо Узбакистон дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла дар умури динӣ аст.

Раиси Кумитаи давлатии умури динии Узбакистон низ дар ин дидор гуфт: Тошканд ба густариши равобит бо Боку дар заминаҳои мухталиф тамоюл дорад.

 

Барчасп