Июл 13, 2017 19:30 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Туркманистон бо раисиҷумҳури Узбакистон

Вазири умури хориҷаи Туркманистон дар Тошканд бо раисиҷумҳури Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотӣ ва расонаии раёсатҷумҳурии Узбакистон, Рашид Муродов рӯзи чаҳоршанбе баъд аз дидор ва гуфтгӯ бо Абдулазиз Комилов ҳамтои узбакистонии худ, бо Шавкат Мирзиёев раисиҷумҳури Узбакистон низ мулоқот кард.

Мирзиёев дар ин дидор дар бораи таомулот ва иртибототи ду кишвари Узбакистон ва Туркманистон гуфт, ҳаҷми мубодилоти бозаргонии Туркманистон ва Узбакистон дар соли гузаштаи милодӣ (2016), аз афзоиши чашмгире бархӯрдор будааст ва зарурат дорад, ки ин мизон боз ҳам афзоиш ёбад.

Ду тараф ҳамчунин зарфиятҳои ду кишварро барои иртиқои сатҳи таомулоти иқтисодӣ, тиҷорӣ, ҳамлу нақл, транзит, энержӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ бисёр зиёд донистанд.

Дар ин дидор дар бораи афзоиши хариди гази Туркманистон барои масрафи полоишгоҳи Бухоро гуфтугӯ шуд.

Вазири умури хориҷаи Туркманистон ба даъвати ҳамтои узбакистонии худ ва дар чорчӯби афзоиши муносиботи ду кишвар, рӯзи сешанбе дар садри як ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Тошканд шуд.