Июл 15, 2017 17:27 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ҷамъияти Осиёи Марказӣ дар қарни 21

Созмони Милали Муттаҳид аз коҳиши мизони таваллуд ва ҷамъияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қарни 21 хабар дод.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Созмони Милали Муттаҳид аз коҳиши мизони таваллуд ва ҷамъият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар қарни ҳозир хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, оморҳои расмӣ нишон медиҳад, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо коҳиши ду баробарии таввалуд дар қарни ҳозир рӯбарӯ ҳастанд. Бар тибқи иттилооти Созмони Милал, бештарин мизони таваллуд дар Осиёи Марказӣ марбут ба Тоҷикистон 3.5 фарзанд ба изои ҳар зан ва поинтарин омор марбут ба Узбакистон 2.4 кӯдак ба изои ҳар зан сабт шудааст.

Дар поёни қарни ҳозир, ин омор ба зери 2 фарзанд барои ҳар зан дар Осиёи Марказӣ мерасад ба тавре, ки дар Қирғизистон низ ба таври миёнгин ҳар зани қирғиз дорои 3.1 фарзанд, Туркманистон ҳар зан 3 фарзанд ва дар Қазоқистон низ 2.7 хоҳад буд. Ин дар ҳоле аст, ки дар Аврупо ба изои ҳар зан 1.5 кӯдак ба дунё меояд, ки ин шохис поинтарин сатҳ рушд ҷамъият аст.

Бо ин ҳол, дар поёни қарни 21 милодӣ дар Аврупо ин рақам афзоиши маҳсуси нахоҳад дошт.

Бар асоси омори Созмони Милал, то поёни қарни 21 миёнгини тӯли умри шаҳрвандони Осиёи Марказӣ тӯлонитар ва ба ҳудуди 70 сол мерасад.

Бо таваҷҷуҳ ба омори СММ, Осиёи Марказӣ дорои яке аз ҷавонтарин ҷамъиятҳои дунё мебошад.