Июл 16, 2017 16:53 Asia/Dushanbe
  • Талоши ДИИШ барои вуруд ба Осиёи Марказӣ аз марзи Туркия

Сухангуи сафорати Туркия дар Тоҷикистон гуфт: Бо шикасти ДИИШ дар Сурия ва Ироқ аъзои ин созмон, ки атбои Осиёи Марказӣ низ шомили он ҳастанд, барои бозгашт ба кишварҳои худ ё кишварҳои дигар аз тариқи марзи Туркия талош мекунанд.

Фотеҳ Қаҳрамон, сухангуи сафорати Туркия дар Душанбе дар маросиме ба муносибати солгарди кудатои нофарҷом дар ин кишвар аз давлати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар ростои мубориза бо терроризм ва қатъи фаъолияти теъдоде аз мадориси мутааллиқ ба  Фатҳуллоҳ Гулен қадрдонӣ кард .

Вай гуфт: Бо талошҳои муштараки ниҳодҳои амниятии Туркия ва Тоҷикистон тарафдорони раиси созмоне, ки дар кудатои нофарҷоми Туркия даст дошт, коҳиш ёфтанд .

Қаҳрамон гуфт: Дар миёни афроде, ки аз сӯи марзбонони Туркия зимни убур аз марз боздошт шуданд, шаҳрвандони тоҷик низ вуҷуд доранд, ки бархе аз онон ба ҳамроҳи хонаводаҳои худ буданд .

Дипломати турк дар идома аз додани иттилооти бештаре дар ин хусус худдорӣ кард .

Бо ин ҳол, бинобар иттилооти бархе расонаҳои Русия, ниҳодҳои амниятӣ ва марзбонии Туркия садҳо шаҳрванди кишварҳои Шӯравии собиқро, ки аз манотиқи ҷангзадаи Ироқу Сурия фирор ва ба марзи Туркия ворид шуданд, боздошт кардааст .

Бинобар гузориши ин манобеъ, 308 нафар аз афрод ва хонаводаҳои боздоштшуда атбои Тоҷикистон ҳастанд .

Ин дар ҳолест, ки манобеи расмии Тоҷикистон то ба ҳол иттилоот дар хусуси боздошти шаҳрвандони ин кишвар дар марзи Туркияро на тасдиқ ва на такзиб карданд.

Тоҷикистон то чанд соли қабл аз 150 кишвари ҷаҳон буд, ки дар он мадориси Фатҳуллоҳ Гулен озод фаъолият мекарданд, аммо баъд аз дархости Туркия тамоми ин мадорис тағйири ном ва дар ихтиёри вазорати маорифи ин кишвар қарор гирифтанд .

Сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон, фаъолияти созмони “диалог” мутааллиқ ба Гулен низ мамнуъ шуд .

Ахиран Чубек Ҳоҷӣ Ҷалилов, муфтии аъзами собиқи Қирғизистон бо интишори аксе аз мулоқот бо раҳбари оппозитсияи фаъол дар Туркия дар шабакаҳои иҷтимоӣ, боиси норизоятии сафорати Анкара дар Бишкек шудааст .