Сафари ҳайъати амниятии Афғонистон ба Узбакистон фардо
(last modified Tue, 18 Jul 2017 08:37:49 GMT )
Июл 18, 2017 13:37 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайъати амниятии Афғонистон ба Узбакистон фардо

Қарор аст, фардо чаҳоршанбе 19 июл як ҳайъати давлатии Афғонистон вориди Тошканд, пойтахти Узбакистон шавад.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Узбакистон, сафари ин ҳайъат асосан ба масоили амниятии дуҷонибаи ин кишвар бо Афғонистон марбут мешавад .

Тибқи иттилоияи дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Узбакистон, дар ҳайъати давлатии Афғонистон мақомоти аршади ин кишвар шомили Муҳаммад Ҳаниф Атмар, раисҷумҳури Афғонистон дар умури амнияти миллӣ, Муҳаммад Ҳумоюни Қаюмӣ ва мушовири аршади мушовири раисҷумҳури Афғонистон дар умури зерсохтҳо, технологӣ ва манобеи инсонӣ ҳузур доранд .

Бар асоси ахбори манобеи афғонӣ ва хориҷӣ, бахши умдае аз мухолифони мусаллаҳи давлати Узбакистон дар қолаби Ҳаракати исломии Узбакистон таи солиёни мутамодӣ дар қаламрави Афғонистон қарор доштаанд. Аъзои ин гурӯҳ дар гузашта, таҳти нуфузи Толибон ва Алқоида буданд, ки баъдан ба ДИИШ мулҳақ шуданд .

Узбакистону Афғонистон 143 километр марзи муштарак доранд .