Июл 23, 2017 14:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафи Узбакистон аз ҳамкории низомӣ бо кишварҳои минтақа

“Ҳамкориҳои амниятии Узбакистон ва Беларусия афзоиш меёбад", ҷумлаест, ки пас аз дидори дабирони шӯроҳои амнияти ду кишвар дар Тошканд ба хабари аввали расонаҳои Узбакистон табдил шуд.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкории дуҷонибаи амниятии ду кишвар байни Виктор Маҳмудов, дабири Шӯрои амнияти Узбакистон ва Станисталав Зас, дабири давлатии Шӯрои амнияти Беларусия дар Минск ба имзо расид. Хабаргузории “Уз дейли”, бо эъломи ин хабар имзои ёддошти тафоҳуми густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи дастгоҳҳои амниятии Узбакистону Беларусияро нуқтаи атфе дар ҳамкориҳои ду тараф донист.

Воқеият он аст, ки Узбакистон тайи даврони пас аз Ислом Каримов рӯйкарди сиёсию амниятии мутафовитеро дар муқоиса бо гузашта дар дастури кори дипломатии худ қарор додааст. Дар ин рӯйкард нишонаҳое аз талоши Тошканд барои тақвияти тавони низомию амниятӣ ва низ тағйири равия дар муносиботи сиёсию равобити хориҷии Узбакистон мушоҳида мешавад, ки бахше аз онро ҳамкории ин кишвар бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳадафи вуруди муассир ба масоили минтақаӣ таҳти раҳбарии Русия дар бар мегирад. Имзои тавофуқномаи ҳамкории низомӣ миёни вузарои дифои Узбакистону Русия дар ҷараёни сафари ахири тарафи узбак ба Маскав дар канори талоши Узбакистон барои бозтаърифии муносиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Қазоқистон ба рағми гузаштаи рақобатомези ду кишвар дар робита ба ҳамкориҳои сиёсӣ бо кишварҳои Осёи Марказӣ ва кунун имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкории амниятӣ миёни мақомоти аршади амниятии Узбакистону Беларусия таъйиди гуфтаҳои болост. Бидуни тардид, он чӣ сабаб шуда, чунин рӯйкарде дар дастури кори Тошканд қарор бигирад, сарфи назар аз ваъдахилофиҳои кишварҳои ғарбӣ дар посухгӯӣ ба ниёзҳои амниятӣ, сиёсӣ ва ҳатто иқтисодии Узбакистон огоҳии мақомоти узбак аз нигоҳи кишварҳои ғарбӣ ба Тошканд барои нуфузи муассир дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод Шӯравӣ бо ҳадафи истифодаи абзорӣ аз Узбакистон ҷиҳати эҷоди парокандагии созукор (механизм)-и таҳти ҳидояту раҳбарии Русия набудааст.

Тағйири стратегияи Узбакистон ва ҳаракати ин кишвар ба самти эҳёи истиқлоли тасмимгирӣ дар ҳамкориҳои сиёсӣ дар канори талош барои ифои нақши муассиртар дар муносиботи ду ва чандҷониба, муаррифии Узбакистон ба унвони унсури мутааҳҳид дар ин созукор дар чашмандози ҳамкорӣ бо бозигарони минтақаӣ аз дигар далелҳои тағйири рӯйкарди Тошканд дар стратегияи сиёсати хориҷӣ ва бозтаърифи муносибат бо кишварҳои атроф будааст. Авлавияти ҳамкории низомию амниятии Тошканд бо ин ҷумҳуриҳо низ, албатта, қобили дарк аст. Ҳамҷвории Узбакистон бо Афғонистон ба унвони кишваре, ки дар минтақаи ҷануби Осиё ҳамчун содиркунандаи ноамнӣ шинохта мешавад ва ба маъмани мутмаин барои гурӯҳҳои ифротӣ, аъзои “ал-Қоъда”, Толибон ва гурӯҳи такфирии ДИИШ табдил шудааст, амалан авлавияте ба ғайр аз ҳамкории амниятӣ ва низомӣ барои раҳбарони Тошканд боқӣ нагузоштааст, дар ҳоле ки Узбакистон пеш аз ин ва дар гузаштаи на чандон шоҳиди фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ будааст. Аз ин рӯ, ба назар мерасад, раҳбарони ҷадиди Тошканд роҳкори вуруди муассири Узбакистон ба созукорҳои минтақаиро дар таъмини амнияти кишвар ба мафҳуми омми калима ва аз раҳгузари бознигарии ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ, амниятӣ, низомӣ ва иттилоотӣ бо ҷумҳуриҳои узви ИДМ ҷустуҷӯ мекунанд; рӯйкарде, ки албатта, ба далели улгӯпазирии ҷумҳуриҳои минтақа аз Тошканд ба истиқбол ва шояд ташвиқи Русия ҳамроҳ аст. Ба талоши раҳбарони узбак дар эҳёи муносибот бо Қазоқистон ва акнун имзои тафоҳумномаи ҳамкории амниятӣ ба Беларусия пас аз имзои тавофуқномаи ҳамкории низомии Тошканду Маскав аз ҳамин зовия бояд нигарист.