Июл 26, 2017 10:18 Asia/Dushanbe
  • Дархости Қирғизистон аз Русия барои эҷоди пойгоҳи низомӣ дар марзи Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон бори дигар аз Русия хост, ба далели авзои бади амниятии минтақа, дар марз бо Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ эҷод кунад.

Қирғизистон бо Тоҷикистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки 519 километри он аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо мушоҳида шудааст, ки мардуми деҳаҳои марзӣ бар сари чарои ҳайвоноти хонагӣ ва таъмини об бо ҳам даргир шудаанд.

Ба гузориши ИРНА, Алмосбек Отамбоев гуфтааст, ин масъала дар дастури кори музокирот бо тарафи русӣ қарор гирифта ва тасмими ниҳоӣ барои сохти пойгоҳ бо Русия аст.

Вай афзуд, Бишкек ниёз дорад бо ҳамкории кишварҳое мисли Русия ва Чин нерӯҳои мусаллаҳи худро тақвият кунад.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон чанде пеш низ аз русҳо хоста буд, дар минтақаи марзии ин кишвар бо Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ бисозанд.

 

Барчасп