Хориҷиҳо дар Узбакистон метавонанд хона бихаранд
Шаҳрвандони хориҷии сокин дар Узбакистон метавонанд, дар ин кишвар соҳиби мулик шаванд.
Ба гузориш радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз сойти“Kun. uz”, давлати Узбакистон ба сокинони вилоятҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва афроде, ки ҷойгоҳи шаҳрвандӣ дар пойтахти ин кишвар надоранд ба таври расмӣ иҷоза додааст, ки дар Тошканд, пойтахти ин кишвар хона бихаранд.
Бар асоси ин тасмим, сокинони дигар вилоятҳои Узбакистон, ки дар биноҳои ҷадиди шаҳри Тошканд хона мехаранд, иҷозаи иқомати расмиро дар пойтахти Узбакистон пайдо хоҳанд кард.
Он идда аз атбои хориҷӣ ва афроде, ки шаҳрванди Узбакистон нестанд, аммо иҷозаи иқомат дар Тошкандро доранд, низ барои баҳрамандӣ аз ин иқдом метавонанд дар биноҳои ҷадиди пойтахти Узбакистон хонаеро ба қимат дастикам 150 ҳазор доллар бихаранд.
Гуфта мешавад, дар ин замина ҳамаи шартномаҳои молии марбут ба қарордоди хариду фурӯши манзил бояд аз тариқи бонк сурат гирад.