Июл 28, 2017 18:11 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти духтари раисҷумҳури собиқи Узбакистон ба ҷурми фасоди молӣ

Додситони кулли Узбакистон аз маҳкумияти Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбакистон ба ҷурми фасоди молӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, дафтари додситони кулли Узбакистон дар баёнияе эълом кард, аз соли 2013 парвандаи ҷиноӣ дар мавриди иттиҳомоти Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримова боз шуда, ӯ ба ҷурми тасарруфи маблағ ва тамаъҷӯӣ маҳкум шудааст. Рӯзномаи «Коммерсант» ба нақл аз баёнияи додситони кулли Узбакистон навиштааст, Гулнора Каримова аз моҳи августи соли 2015 ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст. Ин додситон ҳамчунин бо ирсоли номаҳое ба 12 кишвари ҷаҳон аз ин кишварҳо хостааст, ҳисобҳои бонкии Гулнора Каримоваро мутаваққиф кунанд.

Гулнора Каримова бар асоси моддаи 6-и Қонуни ҷиноии Узбакистон ба иттиҳоми фиребкорӣ, нақзи қавонини гумрукӣ, пинҳон кардани арзи хориҷӣ, нақзи қавонини тиҷорӣ, қаллобӣ ва пулшӯӣ муҷрим шинохта шудааст. Ӯ ин ҷурмҳоро дар фосилаи тӯлонӣ, аз соли 2001 то соли 2013 содир кардааст. Гуфта мешавад, Гулнора Каримова дар солҳои ахир дар ҳабси хонагӣ, таҳти назари Ҳукумати Узбакистон будааст.

 

Барчасп