Июл 29, 2017 14:03 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии вакили Гулнора Каримова аз вазъи саломатии зерҳимояаш

Вакили мудофеи швейдсарии Гулнора Каримова, раиси ҷумҳурии собиқи Ӯзбакистон, ки ба ҷурми пулшӯӣ ва тақаллуб боздошт шудааст, дар баёнияе аз вазъи саломатии вай ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Григорий Мангит, вакили мудофеи швейдсарии Гулнора дар як баёнияе нисбат ба вазъияти вай ибрози нигаронӣ карда гуфт, бо таваҷҷуҳ ба овозаҳои матраҳшуда дар мавриди вазъияти саломатии Гулнора ҳеч кас, ҳатто фарзандони вай аз маҳалли ҳузураш иттилое надоранд ва аз чандин моҳи пеш то кунун ҳатто садои вайро нашунидаанд. 

Магнит бо ишора ба сафараш дар соли 2016 ба Ӯзбакистон гуфт, ки вай дар соли гузашта натавонистааст иттилооте аз Гулнора ба даст оварад.

Вай гуфт, бинобар ин наметавонад додрасии мунсифонаеро барои вай дар ин замина тазмин кунад ва иқдомоташро аз тариқи додситонии Швейдсария пайгирӣ хоҳад кард. 

Додситонии Узбакистон рӯзи ҷумъа бо судури баёнияе эълом кард, ки Гулнора дар соли 2015 ба иттиҳоми ришваситонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағ ба панҷ сол ҳабс маҳкум шудааст, ки ин ҳукм метавонад дар хона низ иҷро шавад.

 

 

Барчасп