Июл 31, 2017 11:49 Asia/Dushanbe
  • Талоши Қирғизистон ва Узбакистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ

Мақомоти Қирғизистон ва Узбакистон музокироти ҷадидеро дар бораи маҳдудиятҳо ва ихтилофоти марзии ду кишвар дар шаҳри Бишкек баргузор карданд.

Ба гузориши ИРНА, Иҳом Наҷматов раиси ҳайати музокиракунандаи Узбакистон бо Жениш Разаков муовини нахуствазири Қирғизистон барои тавофуқ дар бархе аз манотиқи марзии мавриди ихтилоф дидор ва гуфтугӯ кард.

Қирғизистон ва Узбакистон бар сари ҳудуди 300 километр аз ҳазор километр марзи муштарак ихтилоф доранд.

Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳурии Узбакистон ва Аламосбек Отамбоев раиси ҷумҳурии Қирғизистон пештар дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона бар аҳамияти иҷрои тавофуқномаҳои ҳалли ихтилофоти марзии байни ду кишвар таъкид карда буданд.

Пас аз истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Шӯравӣ, миёни ин кишварҳо ба вижа Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ихтилофоти марзӣ ба вуҷуд омадааст ва ин кишварҳо то кунун ба таври комил барои ҳалли ин ихтилофот ба натиҷа нарсидаанд.

 

Барчасп