Интиқоди телевизиони Узбакистон аз сиёсатҳои Ислом Каримов барои аввалин бор
(last modified Tue, 01 Aug 2017 09:11:35 GMT )
Август 01, 2017 14:11 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди телевизиони Узбакистон аз сиёсатҳои Ислом Каримов барои аввалин бор

Телевизиони давлатии Узбакистон барои аввалин бор аз сиёсатҳои Ислом Каримов, раисҷумҳури фақид ва пешини он кишвар ба шиддат интиқод кард.

Ба нақл аз Ирно, ин интиқодҳо барои нахустин бор дар барномае телевизионӣ бо унвон «Таҳлилнома», ки ба шастумини солгарди зодрӯзи Шавкат Мирзоев, раисҷумҳури феълии Узбакистон ихтисос дошт, матраҳ шуд .

Ин барнома, ки дар шабакаи расмии «Узбакистон 24» пахш шуд, аз сиёсатҳои нодуруст, иштибоҳот ва кӯтоҳиҳои Ислом Каримов дар равобит бо ҳамсоягон интиқод ва ҳамзамон аз талошҳои раисҷумҳури феълӣ барои рафъи ин мушкилот истиқбол кардааст .

Дар ин барномаи телевизионӣ ҳамаи бахшҳо, аз иқтисод то масоили фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва кишоварзӣ баррасӣ ва аз нуқсонҳое, ки дар давраи Ислом Каримов ба миён омада буд, интиқод шуд .

Ин дар ҳолест, ки дар даврони ҳаёти Ислом Каримов ҳатто дар яксоли пас аз вафоташ, дар Узбакистон аз сиёсатҳои ӯ интиқоде сурат нагирифта буд .

Ислом Каримов, нахустин раисҷумҳури Узбакистон баъд аз 27 соли зимомдорӣ, дуввуми сентябри соли гузашта дар Тошканд вафот карду сеюми сентябр дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шуд .