Эътимоди беш аз чиҳилдарсадии мардуми Қирғизистон ба системаи интихоботии ин кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i21080-Эътимоди_беш_аз_чиҳилдарсадии_мардуми_Қирғизистон_ба_системаи_интихоботии_ин_кишвар
Бар асоси назарсанҷии анҷомшуда дар Қирғизистон, беш аз 42 дарсади мардуми ин кишвар ба системаи интихоботӣ дар кишваршон эътимод доранд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 04, 2017 16:52 Asia/Dushanbe
  • Эътимоди беш аз чиҳилдарсадии мардуми Қирғизистон ба системаи интихоботии ин кишвар

Бар асоси назарсанҷии анҷомшуда дар Қирғизистон, беш аз 42 дарсади мардуми ин кишвар ба системаи интихоботӣ дар кишваршон эътимод доранд.

Кормандони Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи маданӣ дар байни қирғизистониҳо бо ҳадафи шинохти сатҳи эътимоди шаҳрвандони ин кишвар ба системаи интихоботии мавҷуд дар ин кишвар ин назарсанҷиро анҷом доданд. Бар асоси ин назарсанҷӣ, 42.4 дарсади мардуми Қирғизистон системаи интихоботии мавҷуд дар кишваршонро қабул доранд ва 39.6 дарсад ба он эътимод надошта, 18 дарсади дигар наметавонистаанд посухи равшане дар ин маврид бидиҳанд.

 Ин назарсанҷӣ дар 6 рӯз, аз 13 то 19-уми июли соли ҷорӣ баргузор шуд.