Август 06, 2017 14:36 Asia/Dushanbe
  • Аҳдофи дарозмуддати Чин дар Осиёи Марказӣ - кумак ё истеъмор?

Чин дар солҳои ахир ба сармоягузори шумораи яки тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил шуда, дар иқтисоди панҷ кишвари ин минтақа, дар маҷмӯъ, беш аз 50 миллиард доллар сармоя гузоштааст.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, Аида Исмоилова, вакили парлумони Қирғизистон ахиран як банди истеъморгароёнаро дар қарордодҳои қарзии Чин ошкор карда гуфтааст, кумакҳои бузурги иқтисодии Пекин ба Бишкек амалан ба қимати истиқлоли ин кишвар тамом мешаванд. Аида Исмоилова гуфтааст, соли 2016 Чин ба бузургтарин қарздиҳандаи Қирғизистон табдил шуд ва ҳаҷми қарзи Бишкек аз “Эксимбонк”, бонки давлатии Чин ба як миллиарду 444 миллион доллар баробар шудааст, ки ин маблағ наздик ба 40 дарсад аз ҷамъи се миллиарду 763 миллион доллари қарзи хориҷии Қирғизистонро ташкил медиҳад. Ӯ афзудааст, аз байни тамоми қарздиҳандагон ба Қирғизистон фақат Чин Бишкекро маҷбур кардааст, ки дар ивази қарзҳояш аз масунияти худ дар додгоҳҳои байналмилалӣ даст бакашад. Ин вакили парлумони Қирғизистон мегӯяд, чанд созишномаи қарзии Чинро баррасӣ ва дар ҳамаи онҳо моддаи 8-ро мулоҳиза карда, ки дар он омадааст: «Қарзгиранда бо ин қарордод бидуни чунучаро аз ҳама гуна масунияти худ ва молу мулкаш мабнӣ бар масунияти истиқлол, ё ба ҳар далели дигар дар робита ба ҳама гуна муҳокимаҳои додгоҳи байналмилалӣ даст мекашад».

Бар асоси ин гузориш, беш аз як миллиард доллар ё наздик ба нисфи қарзи хориҷии Тоҷикистонро низ қарзҳои Чин ташкил медиҳанд, ки то кунун матни созишномаи қарзии Чин бо Тоҷикистон ҷое мунташир нашуда ва маълум нест, ки ин қарзҳо таҳти кадом шартҳо ба ин кишвар дода мешаванд. Дар маҳофили коршиносии Тоҷикистон низ ба сармоягузориҳои бузурги Чин ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ бо чашми шакку тардид нигоҳ мекунанд. Ба бовари бархе аз соҳибназарон, қарзҳои Чин бештар қарзҳои истеъмориро мемонад, ки Пекин метавонад дар оянда барои бароварда сохтани хостаҳояш дар муомила бо Ҳукумати Тоҷикистон аз он сӯистифода кунад.