Август 19, 2017 14:35 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон барои хушк кардани либос дар балкони хона ҷарима таъйин кард

Давлати Туркманистон қонунеро ҷорӣ карда, ки бар асоси он афроде, ки дар балкони манзили худ либос паҳн кунанд, ҷарима мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, давлати Туркманистон бо қабули қонуни ҷадид барои афроде, ки либосҳои худро дар балкони хона паҳн кунанд, 400 манат, муодили 114 доллар ҷарима дар назар гирифтааст.

Дар рӯзҳои ахир ва пайрави дастуроти вижаи раиси ҷумҳурӣ барои ҳар чӣ беҳтар баргузор шудани бозиҳои осиёии 2017 дар Ишқобод, фармондори ин шаҳр эълом кардааст, аз 17-уми август то 27-уми сентябр паҳн кардани либос дар балкони манзилҳои ин шаҳр мамнуъ аст.

 Бо таваҷҷуҳ ба мулоҳизоти расонаӣ, ин тасмим аз сӯйи масъулони умумии давлатӣ иттилоърасонӣ нашудааст ва маъмурони фармондорӣ ва шаҳрдории Ишқобод бо муроҷиа ба манзилҳои ҳар яки сокинон ин шаҳр, аз онҳо дар хусуси риояти ин қонун тааҳҳуди катбӣ дарёфт мекунанд.