Август 20, 2017 10:25 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Узбакистон ва Қазоқистон барои ҳамкории низомӣ

Узбакистон ва Қазоқистон тавофуқномаи ҳамкории низомӣ имзо карданд.

Ба гузориши ИРНА, вазорати дифои Қазоқистон рӯзи шанбе эълом кард, Сакен Жасузаков, вазири дифои ин кишвар ва Қобил Бердиев ‎ҳамтои узбакистонии вай дар Тошканд тарҳи ҳамкории низомӣ, шомили омӯзишҳои низомии муштаракро имзо карданд, ки аввалин санад дар ин замина дар таърихи ҳамкориҳои дуҷонибаи тарафайн ба шумор меравад.

Пештар раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Қазоқистон зимни ибрози ризоят аз ҳамкорӣ миёни нируҳои мусаллаҳи ду кишвар, бар зарурати густариши ҳамкориҳои дифоӣ ва амниятӣ дар минтақа таъкид карда буданд.

Узбакистон, истиқлоли Қирғизистонро дар таърихи 29 сентябри соли 1992 милодӣ ба расмият шинохт ва дар таърихи 16 феврали соли 1993 милодӣ байни ин ду кишвар, равобити дипломатӣ барқарор шудааст.

 

Барчасп