Август 20, 2017 17:26 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷии Узбакистон роҳии Ҳинд мешавад

Вазири умури хориҷии Узбакистон фардо дар раъси як ҳайати сиёсию иқтисодӣ барои як сафари 3-рӯза ба Ҳиндустон сафар хоҳад кард.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон фардо дар раъси як ҳайати сиёсию иқтисодӣ барои як сафари серӯза ба Ҳиндустон сафар хоҳад кард. Тибқи барнома, Комилов дар ин сафар бо Сушма Сувараҷ, вазири умури хориҷӣ ва дигар мақомоти Ҳиндустон дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ҳайати Узбакистон ҳамчунин дар нишасти иқтисодӣ ва бозаргонии ин кишвар бо Ҳиндустон ва дигар маросимҳои муштарак ширкат хоҳад кард.

Ҳамакнун ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистону Ҳиндустон бар асоси қарордодҳои имзошудаи байни ду кишвар беш аз пеш густариш пайдо кардааст. Мубодилоти бозаргонии ин ду кишвар дар соли 2016 тақрибан дар сатҳи 320 миллион доллар қарор гирифтааст. Имрӯз дар Узбакистон 100 ширкати муштарак бо сармоягузорони ҳиндӣ, аз ҷумла 15 ширкат бо сад дарсад сармояи сармоягузорони ҳиндӣ дар заминаҳои тавлидӣ, фурӯши дору ва сармоягузорӣ фаъолият мекунанд. Илова бар ин 18 созмону ширкати ҳиндӣ дар Узбакистон ба сабт расидааст. Аз моҳи августи соли 1997 байни ин ду кишвар ба таври доимӣ ройзаниҳои сиёсӣ дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ баргузор мешавад. Илова бар ин аз соли 1991 Анҷумани дӯстии Узбакистону Ҳиндустон фаъолият мекунад, ки дар тавсеа ва рушди равобити фарҳангии ин ду кишвар нақши муҳиме ифо мекунад.

Бар асоси гузориши Вазорати умури хориҷии Узбакистон, Ҳиндустон истиқлоли ин кишварро дар таърихи 26-уми декабри соли 1991 ба расмият шинохта, дар таърихи 18-уми марти соли 1992 равобити сиёсии худро бо Узбакистон барқарор кардаст.