Август 21, 2017 18:17 Asia/Dushanbe
  • Мирзиёев: Ҷурму ҷиноят дар байни ҷавонони узбак афзоиш ёфтааст

Раисиҷумҳури Узбакистон бо интиқод аз амалкарди нирӯҳои амниятии ин кишвар гуфт, ҷиноят ва худкушӣ дар байни ҷавонони узбак ба хусус дар вилояти Фарғона афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шавкат Мирзёев, раисиҷумҳури Узбакистон дар нишасти хабарӣ, аз заъфи амалкард ва ноҳамоҳангии созмонҳои амниятии кишвараш интиқод кард ва афзуд, кормандони созмонҳои амниятӣ фақат дар нишастҳо ширкат мекунанд ва барои коҳиши ҷурмҳо ва худкушии кӯдакон ва навҷавонон иқдоме намекунанд.

Мирзиёев таъкид кард, дар 7 моҳи гузашта дар байни ҷавонони вилояти Фарғонаи Узбакистон, 129 маврид ҷиноят ва 24 мавриди худкушӣ иттифоқ афтодааст.

Раисиҷумҳури Узбакистон афзуд, ҳам акнун дар бархе марокиз ба кӯдакон ба таври махфӣ улуми динӣ омӯзиш медиҳанд ва бар ин гуна нишастҳо ва ҷаласоти омӯзишӣ, ҳеҷ назорате аз сӯи марокизи динии кишвар сурат намегирад.

 

Барчасп