Август 22, 2017 16:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Қирғизистон аз фаъолиятҳои Гулен

Рӯзномаи "Йени Шафақи Туркия" аз ҳимояти Қирғизистон аз фаъолиятҳои Фатҳуллоҳ Гулен алайҳи Анкара хабар дод.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии бурунмарзии садо ва симо, ин рӯзномаи чопи Туркия навишт: Пас аз таътилии ҳамаи ниҳодҳои омӯзишӣ ва таблиғотии вобаста ба Гулен дар бархе аз кишварҳо, Қирғизистон ба пойгоҳе барои фаъолияти Фатҳуллоҳ Гулен табдил шудааст.

Иддаои ин рӯзномаи турк дар ҳоле баён мешавад, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба кишварҳои ҳомии гурӯҳи Гулен дар бораи истирдоди аъзои таҳти таъқиби ин гурӯҳ, Қирғизистон сиёсати беэътиноиро дар пеш гирифта ва хостаҳои Эрдуғонро ғайримантиқӣ донистааст .

Гурӯҳи Гулен 41 маркази омӯзишӣ дар Қирғизистон дорад, ки ҳамчунон теъдоди ин марокиз дар ҳоли афзоиш аст .