Август 24, 2017 17:46 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Узбакистон ва Индонезия бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба

Зоҳир Мирзоев, муовини нахуствазир ва вазири кишоварзӣ ва манобеи оби Узбакистон дар шаҳри Ҷакарта бо Ҷоко Видодо, раисиҷумҳури Индонезия дидор ва густариши беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.

Сафари муовини нахуствазири Узбакистон бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳои мутақобил байни ду кишвар, аз ҷумла дар заминаҳои кишоварзӣ, сайди моҳӣ ва баррасии таҷрибаи Индонезия дар ин ҳавзаҳо анҷом гирифтааст.

Ҳамчунин ду тараф дар ин дидор таъмини амнияти ғизоӣ ва тавсеаи обзипарвариро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тарафайн тавофуқ карданд, ки ҳайати Индонезия барои густариши ҳамкориҳои мутақобил байни ду кишвар ба Узбакистон сафар кунад.

Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии омори Узбакистон, мубодилоти бозаргонии дуҷониба дар соли 2016 милодӣ, 46 миллиону 400 ҳазор доллар будааст.

Ҳам акнун дар Узбакистон 4 ширкати муштарак бо сармояи сармоягузорони Индонезия фаъолият мекунанд.

Дар моҳи сентябри соли 2002 милодӣ бо ҳадафи афзоиши дӯстӣ, ҳамкорӣ ва равобити фарҳангӣ ва равшангарона байни мардуми ду кишвар Анҷуман дӯстии Узбакистон ва Индонезия эҷод шуд.