Август 28, 2017 00:16 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани фармондеҳи собиқи муҳофизони Ислом Каримов дар Маскав

Сарҳанг Василий Матвиенко ва фармондеҳи гурӯҳи муҳофизони Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии пешини Ӯзбакистон дар Маскав кушта шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сайти “Вести.уз”, Василий Матвиенко фарзанди яке аз генералҳои собиқи Созмони иттилооти артиши Ӯзбакистон ва фармондеҳи гурӯҳи муҳофизони Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар дар маҳалли зиндагии худ дар шаҳри Маскав кушта шуд.

 Бар асоси ин гузориш, чанде пеш Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии ҷадиди Ӯзбакистон гурӯҳи муҳофизони пешини раёсати ҷумҳурии ин кишварро мурраххас кард, ки ин сарҳанг пас аз он дар як ширкати воситаи муомилоти нафтӣ кор мекард.

 Бар асоси гузоришҳо вай рўзи 21 августи соли ҷорӣ аз Тошканд ба Маскав омадаву дар манзили маскуниаш ҳангоми ҷашни таваллуди ҳамсараш кушта шудааст.

 Мақомоти интизомии Маскав гуфтаанд, ки вай дар ин ҷашни таваллуд наздик ба 1 литр машруботи алкулӣ масраф карда ва ҳамеша бо туфангчаи камарии худ бозӣ мекарда, ки ба таври иттифоқӣ ба сӯйи қалби худ шиллик мекунад ва то расидани ёрии таъҷилӣ ҷони худро аз даст додааст.

Мақомоти масъул таъкид мекунанд, ки ба эҳтимоли зиёди марги фармондеҳи гурӯҳи муҳофизони Ислом Каримов аз беэҳтиётӣ будааст.