Август 28, 2017 18:55 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Қирғизистон: Ҳеҷ мақоми давлатӣ намепазирам

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфт: “пас аз поёни давраи раёсати ҷумҳурӣ ҳеҷ мақоми давлатиро нахоҳам пазируфт ва мухолифонам аз ин бобат дар оромиш бошанд”.

Ба гузориши ИРНА, Отамбоев таъкид кард: “ман ҳеҷ ҷое нахоҳам рафт, аммо аъзои ҳизби ман ҳам аз ман мехоҳанд раҳбари Ҳизби сотсиал -демократро қабул кунам”.

 Агарчӣ давраи раёсати ҷумҳурии Отамбоев дар соли 2017 ба поён мерасад ва ӯ наметавонад бар асоси қонун дар ин интихобот ширкат кунад ва интихоб шавад, аммо бархе мунтақидони ӯ аз ин ҳарос доранд, ки вай дар даври баъдӣ дар нақши нахуствазир вориди мадори қудрат шавад.

Отамбоев дар соли 2016 бо баргузории як ҳамапурсӣ Қонуни асосиро тағйир дод, ки бар асоси он қудрати нахуствазир бештар шудааст.

Дар ҳамин ҳол Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон дар гузориши ахири худ аз худдорӣ ва таъйид нашудани теъдоди зиёде аз кондидатҳои раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар хабар дод.

Бар асоси гузориши ин комиссия, дар маҷмӯъ 59 нафар барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон сабти ном кардаанд, ки аз ин теъдод то кунун фақат салоҳияти 24 нафар таъйид шудааст.

 

Барчасп