Август 29, 2017 14:53 Asia/Dushanbe
  • Кашфи садҳо санади марбут ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар Талъафари Ироқ

Манобеи хабарӣ аз кашфи садҳо санади мутааллиқ ба атбои кишварҳои Осиёи Марказии узви ДИИШ дар шаҳри Талъафари Ироқ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, нерӯҳои низомии Ироқ дар озодсозии шаҳри Талъафар аз тасарруф ҷангҷӯёни ДИИШ садҳо санади мутааллиқ ба атбои диишии Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистонро кашф карданд.

Ин аснод аз сохтмони “девон” ё “раёсат”-и гурӯҳи террористи ДИИШ ба даст омадааст.

Дар миёни асноди кашфшуда, таърихи пайвастани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба гурӯҳи ДИИШ ва иттилооте дар бораи ширкати онҳо дар даргириҳои Афғонистон, Сурия ва Ироқ дида мешавад.

Ба гуфтаи Ситоди фармондеҳии нерӯҳои низомии Ироқ, ин аснод барои бозрасӣ ва таҳқиқ ба Созмони иттилооти ин кишвар мунтақил хоҳанд шуд.

 Русия чанде пеш эълом кард, ки дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ беш аз 10 ҳазор шаҳрванди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Сустақил ҳузур доранд.

 Шаҳри Талъафар, ки аз марокизи бузурги ДИИШ дар Ироқ шумурда мешавад, дар остонаи озодии комил қарор гирифтааст.

 

Барчасп